Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорони азиз,
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 30-сол боз ҳамчун неруи тавоно ва пурқувват барои ҳифзи обу хоки кишвари азиз ва ҳимояи Истиқлол хизмати содиқонаву арзанда менамояд. Ин ниҳоди тавоно бо дарки баланди масъулияти касбӣ барои пешгирии ҳар гуна амалу кирдори нопок, ки амният ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекунад, доимо омода мебошад.
5 январи 2022 сол ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
5 январи 2022 сол ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раис ва аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои зерсохтори Саридора иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар соли 2022, нақшаи фаъолияти Саридора барои соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог”
20 январи соли 2023 дар Саридораи геология ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон/ҲХДТ/ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
«Имкониятҳои нави барномаи Майкромайн MM2023»
18 январ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ширкати «Micromine PTY LTD» дар Ҷумҳурии Узбекистон чорабинии муштарак дар мавзӯи «Имкониятҳои нави барномаи Майкромайн MM2023» баргузор карда шуд.
«Micromine» ба Донишгоҳи миллӣ 20 калид туҳфа менамояд
18 январ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Саридораи геологияи на-зди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо директори Ширкати «Майкромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров ва намояндаи ширкати мазкур Умед Мансуров доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳони соҳаи геология ҷавобгӯ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст), амалӣ намуд.
Таъсиси шабакаҳои устувор ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам
Тӯли як ҳафта барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Саридораи геологияи тоҷик ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари шиносоӣ ташкил карда шуд. Ҳадафи боздид таъсиси шабакаҳои устувор ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам маҳсуб меёбад.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин сафар таҳти сарварии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода иштирок намуд. Муовини якуми сардори Саридораи геология Исомуддин Холзода ва сардори Корхонаи воҳидии “Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ” Бобохон Сайдализода ба ҳайати гурӯҳ шомил буданд.
Кашоффони асрори замин иди касбиро ботантана ҷашн гирифтанд
9 декабри соли равон ба муносибати иди касбӣ-Рӯзи геологҳо дар Саридораи геология ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Саридора, Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ва корхонаҳои зертобеи Саридораи геология иштирок доштанд.