Байни Саридораи геология ва Хадамоти геологии назди вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми заминшиносӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум 3 июл дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Конференсияи байналмилалии ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи илми заминшиносӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан, ки ба 10-солагии таъсиси Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳамкории СҲШ дар соҳаи илми заминшиносӣ бахшида шуда аст, ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум бо мақсади тавсеа ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди илмию техникӣ дар соҳаи заминшиносии ҳарду кишвар ба имзо расида, дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар самти тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷустуҷӯи конҳои нав, коркарди илмӣ-техникӣ, омӯзиши муқоисавии сохтори геологӣ, тартиб додани харитаҳои геологӣ ва муқоисавии тадқиқоти қонуниятҳои металлогении ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок, таҳқиқот ва истифодаи технологияҳо, асбобҳо ва таҷҳизоти нав дар корҳои иктишофи геологӣ, таҳқиқот дар соҳаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, геологияи агросаноатӣ ва омӯзиши равандҳои экзогении хатарнок, озмоиш ва таҳлили намунаҳои геологӣ, мубодилаи таҷриба, ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Конференсияи байналмилалии ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи илми заминшиносӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан 2 июли соли 2024 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардида, то 7 июл идома меёбад.
Ҳайти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.
Сардори Саридораи геология дар ҷаласаҳои пленарӣ ва соҳавӣ дар мавзӯи “Стратегияи рушди захираҳои маъданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард.
Маркази матбуот