Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология
24-уми июни соли равон ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология бо иштироки Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида, Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ва кулли кормандони саридора ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кормандони соҳаро бо ин рӯзи муқаддасу тақдирсоз табрик гуфта, доир ба нақши ваҳдати миллӣ дар давраи ниҳоят тақдирсози миллати тоҷик изҳори назар кард.
Байни мақомоти геологияи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар доираи Форуми байналмилалӣ оид ба маъданҳои муҳим - INFOCM 2025, ки 12-уми майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ гардид, байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институт оид ба илми Замин ва захираҳои минералии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
INFOCM 2025 - Минбари муҳим дар самти идоракунии захираҳои табиӣ
Имрӯз, 12-уми майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим - INFOCM 2025 ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 13 давлати ҷаҳон ширкат доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати корӣ таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода муаррифӣ менамояд.

Геологҳо Наврӯзи аҷамро бошукӯҳ истиқбол карданд
20-уми март дар саҳни ҳавлии Саридораи геология ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кулли кормандони Саридораро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, зикр кард, ки Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оѓози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиату таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки як маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад.
Имрӯзҳо Наврӯзи аҷдодӣ марзҳоро убур карда, ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ Наврӯз ба як воситаи муҳимми таҳкими ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола чорабиниҳои бошукӯҳи Наврӯзиро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намуда, бо дигар кишварҳои минтақа ҳамкорӣ ва барои таблиғ ва ҳифзи арзишҳои Наврӯз талош мекунанд. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Паёми табрикотии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Ҳамкорони азиз,
Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиату таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.
Аз даврони бостонӣ то кунун фарҳангу тамаддуни тоҷикон бо табиату коинот ва муҳити атроф пайванди ногусастанӣ дорад. Бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ аслан баробар бо тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд, ки Наврӯз бо фаро расидани баҳори дилафрӯз рост меояд.
Муҳиммият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми беш аз шаш ҳазор сол ойину анъана ва номи таърихии худро низ нигоҳ дошт ва мардуми зиёд онро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта, тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Ба ақидаи мутафаккири бузурги халқи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ- "Наврӯз ибтидои офариниши олам аст".
Пресс – Релиз оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридора дар соли 2024 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, амалӣ намуд. Дар ин давра корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи 19 136 434,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд.
Пресс – Релиз о деятельности Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан за 2024 год
Душанбе – 2025
Направление работ и экономические показатели
Главным управлением в 2024 году проведено геологическое изучение недр в соответствии с «Государственной программой развития геологической отрасли Республики Таджикистан на 2021-2030 годы». В этот период геологические исследования проводились за счет средств государственного бюджета по 29 проектам на сумму 19 136 434,0 сомони по направлениям: черные, цветные, драгоценные, редкие металлы, полудрагоценные и поделочные камни, гидрогеология, инженерная геология, геоэкология.