Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог”
20 январи соли 2023 дар Саридораи геология ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон/ҲХДТ/ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” Илҳомҷон Оймуҳаммадзода баъди сухани ифтитоҳӣ рӯзномаи ҷаласаро ба аъзои ҳизб пешниҳод намуд.
Тибқи рӯзнома масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог” Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки ТИҲ “Геолог” фаъолияти худро дар соли 2022 дар асоси дастуру њидоятњои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Кумитаи марказии ҳизб, Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Исмоили Сомонӣ, нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ҳизбӣ ба роҳ монда, чун ҳамеша ба масъалаҳои тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Аъзои ТИҲ “Геолог”, ки 50 нафарро аз ҳисоби фаъолони соҳа дар атрофи худ муттаҳид намудааст, дар давраи ҳисоботӣ бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ ва сифатҳои наҷиби ахлоқӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби саноатӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Аъзои ташкилот илова ба пиёда намудани сиёсати давлатӣ дар идора, танзими омӯзиши геологии қаъри замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои ашёи минералӣ дар ҳама гуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд.
Соли дуюм аст, ки Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 амалӣ шуда истодааст. Дар барномаи мазкур омўзиши беш аз 50 объекте, ки барои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи саноат хеле муҳиманд, ба инобат гирифта шуд.
Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 барои кормандони соҳаи геология имконият фароҳам овард, ки дар иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бештар заҳмат кашанд, зеро мавриди истифода қарор додани имконоту захираҳои дохилӣ ба рушди соҳаи саноат замина мегузорад. Ҳамзамон бо ин корхонаҳои саноатии мамлакат аз вобастагӣ ба воридоти ашёи хом пурра раҳоӣ ёфта, шароиту имконияти содиротӣ фароҳам оварда мешавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки и аъзои ТИҲ “Геолог” барои расидан ба ҳадафҳои муҳими соҳа тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, вазифаҳои дар барномаҳои давлатӣ омада дар сатҳи баланди касбӣ иҷро карда мешаванд. Дастурҳои дар Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 омада, вазифаи ҷонии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ буда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рушду нумўи иқтисодиёти Тоҷикистони азизамон аз ин ҳам бештар ҳиссагузор бошем.
Ҳамзамон тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ба сухан баромада бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ТИҲ “Геолог” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги созанда ва бунёдкор дар тӯли фаъолият баҳри рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.
Дар идома доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.
Махсус таъкид карда шуд, ки ҷавононро мебояд бо пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи кишвар мубориза баранд.
Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Маркази матбуот