Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

5 январи 2022 сол ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид

5 январи 2022 сол ҷаласаи навбатии  ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раис ва аъзои  ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои зерсохтори Саридора иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар соли 2022, нақшаи фаъолияти Саридора барои соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.

Нахуст роҳбарони корхонаву муассисаҳои зертобеи Саридора аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию истеҳсолӣ дар соли 2022 ва нақшаҳову вазифаҳо барои соли 2023 рунамоӣ ва ҳисобот доданд. 

Зикр гардид, ки Саридора дар соли сипаришуда омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соњаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” амалї намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ давлатӣ, аз рўйи 32 лоиҳа ба маблағи 16 141 000,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонида шуд.
Дар соли сипаришуда корҳои шартномавї аз рўйи 207 лоиҳа ба маблағи 23 488 124,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 152 253,0 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.
Дар маљмўъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ 39 476 871,0 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021 – 12 40 328,0 сомонӣ зиёд ба иҷро расонида шуда, суръати афзоиш 147 фоизро ташкил дод.


Соли 2022 дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора 90 мавод, аз он љумла, 45 лоиҳа ва 45 ҳисобот баррасӣ карда шуд.
Дар ин давра ба баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 мавод, аз ҷумла, ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул - 44 адад, кандании фоиданоки маъданӣ - 3 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо - 5 ҳисобот, азнавбаҳодиҳии захираҳо - 1 адад ворид гардид.


Дар асоси ҳисоботҳои аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурбу руҳ, андезит, оҳаксанг, хок ва омехтаи регу шағал ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.
Баъди таҳлили фаъолият Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар назди роҳбарони корхонаву муассисаҳои зертобеъ ҷиҳати тақвият додани фаъолият супоришҳои мушаххас дод. 
Дар ҷаласаи мазкур Нақшаи фаъолияти Саридораи геология барои соли 2023 тасдиқ шуда, аз ҷониби ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.
Дар ҷамъбасти кори ҳайати мушовара, Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои дар Паём омада, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили кор аз рӯйи нақшаи тасдиқгардида дар объектҳои кории “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин