Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Кашоффони асрори замин иди касбиро ботантана ҷашн гирифтанд

9 декабри соли равон ба муносибати иди касбӣ-Рӯзи геологҳо дар Саридораи геология ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Саридора, Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ва корхонаҳои зертобеи Саридораи геология иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа меҳмонон - сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, сарнозири ҳифзи меҳнати Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикметалл) Кароматулло Холиқзода ва муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшо Латифзода ва намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик» инчунин шарикони ҳамкор иштирок доштанд.

Нахуст сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода аҳли нишаст ва тамоми кашшофони асрори заминро бо иди касбӣ - Рӯзи геологҳо, ки ҳамасола 9 декабр ҷашн гирифта мешавад табрику таҳният гуфта, дар корҳои бисёр мушкил, вале пурифтихорашон муваффақиятҳои беназир орзу намуд.

Зикр гардид, ки Дар ҳама давру замон геология дар рушди кишварҳо нақши муҳим бозидааст ва имрўз низ он яке аз соҳаҳои калидӣ ва стратегӣ ба шумор меравад. Аз кордонӣ ва фаъолияти ҷиддиву ҳадафмандонаи геологҳо рушди иқтисодиёт, истеҳсолоти саноатӣ, таъмини амнияти миллӣ, қудрати мудофиавӣ ва некӯаҳволии ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мо вобастагии калон дорад.

Бо заҳмату меҳнати шабонарўзии геологҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ истихроҷ ва коркарду истеҳсоли сарватњои ҷавобгўи талаботи бозори ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин давра кормандони соҳа дар партави супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарӣ намуда, баҳри кашфиётҳои нав ба нави ганҷҳои нуҳуфтаи кишвар ва муайян намудани сифат ва захираҳои канданиҳои фоиданоки гуногун амал карда, ба натиҷаҳои ба чашм намоён ноил шуданд.

“Имрӯз низ вазифаи ҷонии мо - ин баланд бардоштани корҳои ҷустуҷўию геологӣ, муайянсозии сарватҳои бойи зеризаминӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи муосир мебошад. Зеро дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар як давлат, некўаҳволии мардум ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмиллалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо - боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некўаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд”,-илова кард Илҳомҷон Оймуҳаммадзода. 

Сипас аз ҷониби сардори шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геология Собир Бобоев доир ба дастовардҳои Саридора маърӯзаи пурмуҳтаво ироа гардид.

Таъкид шуд, ки вазъи имрӯзаи баъзе аз кишварҳои Аврупо, беқурбшавии асъори миллии давлатҳои алоҳида, номӯътадил гардидани муносибатҳои иқтисодӣ, ки имсол дар пасманзари норасоии захираҳои энергетикӣ рӯйи кор омаданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нақши калидӣ доранд ва аз бисёр ҷиҳат мақоми давлатро дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ муайян менамоянд. Он кишварҳое, ки истифодаи захираҳои зеризаминиро ба таври самаранок ба роҳ мондаанд, тавонистанд ба давлатҳои пешрафта табдил ёбанд.

Хушбахтона, имрӯз ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, баъзе намудҳои сангҳои қиматбаҳо ва бисёр намудҳои дигари сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки ин натиҷаи меҳнати пурмашаққати геологҳои тоҷик мебошад.

Дар идомаи ҷаласа меҳмонон низ кормандони Саридораи геологияро бо Иди касбӣ табрик намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва шарикони ҳамкор  бо сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 Маркази матбуот

Хабарҳои охирин