Табрикоти Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рўзи ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони азиз!
Шуморо бо фарорасии ҷашни бузурги миллатамон, 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки барои ҳар як тоҷик бозёфти нодир ва арзишманд маҳсуб мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ ва комёбиҳои беназирро орзу мекунам.
Ин ҷашни пурарзиш дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик саҳифаи нав кушода, барои наслҳои оянда аз рӯзгори гузашта паём медиҳад. 27 июни соли 1997, ки дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ин рӯз барои миллати мо муборак омад, зеро ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошт.
Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Ҷониби Беларус тасмим гирифтааст, ки аз таҷрибаи геологҳои тоҷик, хусусан дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонии соҳа истифода барад. Дар ин хусус зимни вохӯрии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Сергей Масляк иброз гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Ба Саридораи геология дастгоҳи замонавии рақамӣ дастрас шуд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ дастгоҳи замонавии рақамӣ- тахеометр ворид карда шуд.
Вазифаи асосии ин дастгоҳ чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ, муайян кардани координатаҳо ва баландии нуқтаҳо ба таври рақамӣ мебошад, ки ҳангоми коркарди корҳои камералӣ ва сохтани харитаи маҳалли аксбардоришуда истифода мешаванд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридора оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум баргузор гардид
11 апрели 2024 сол ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Саридора дар семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳайати мушовара Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кори ҷаласаро оғоз бахшида, рӯзномаи онро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҳайати мушовара ҷонибдорӣ гардид.
Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Саридораи геология
Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки “Наврӯзи байналмилалӣ барои тоҷикон аз қадим то имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ, инчунин ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву хурсандӣ иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби пиру барно суруру шодӣ мебахшад, тамоми мардумро сарҷамъ мекунад ва онҳоро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар даъват мекунад”.
Табрикоти Сардори Саридораи геология ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Ҳамкорони азиз,
Дар ин рӯзҳои зебои баҳор, ки табиати афсункор бедор мешавад, ҷашни бузурги миллӣ ва аҷдодии тоҷикон - Наврӯзи фурӯзанда ба сарзамини зархезу пурганҷи мо қадами неки худро мегузорад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро самимона табрик гуфта, сиҳатию тандурустӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодат, дили шод, табъи болидаи наврӯзӣ ва барои Тоҷикистони соҳибистиқлол соли бобарор ва сулҳи пояндаро орзу менамоям.
Наврӯзи байналмилалӣ барои тоҷикон аз қадим то имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ, инчунин ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву хурсандӣ иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби пиру барно суруру шодӣ мебахшад, тамоми мардумро сарҷамъ мекунад ва онҳоро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар даъват мекунад.
Тасдиқи ҳайати таҳририяи Атласи равандҳои экзогениву геологӣ
Офатҳои табиӣ ба тағйирёбии иқлим ва шиддати зуҳури ҳодисаҳои хатарноки геологӣ таъсир мерасонад. Солҳои охир Тоҷикистон ба таъсири оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст, ки мисоли равшан ин обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии ҳарорати миёнаи солона, тағйирёбии миқдори боришот, бештар шудани давраҳои ғайриодии обу ҳаво (бориши ҷола, барф, хушксолӣ), инчунин афзоиши офатҳои ногаҳонии табиӣ бар асари шароити обу ҳаво ва иқлим мебошанд.