Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геология баргузор гардид

Имрӯз, 11 март дар маҷлисгоҳи Саридораи геология таҳти раёсати Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геология доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якум доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони шуъбаву бахши Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо, саргеологҳо, сармуҳосибҳо ва роҳбарони муассисаҳои Саридораи геология иштирок намуданд.

Нахуст, Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи он ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

Сипас, муовини Сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар семоҳаи якуми соли 2023 гузориш дод.

Дар гузориш гуфта шуд, ки Саридора дар семоҳаи аввали соли 2023 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 амалӣ намуд.

Корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 27 лоиҳа ба маблағи 1 342 209 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонид.

Дар ин давра корҳои шартномавӣ аз рӯйи 67 лоиҳа ба маблағи 6 439 774 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 16 632 сомонӣ иҷро карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ 7 765 351 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 - 1 820 163 сомонӣ зиёд иҷро шудааст. Суръати афзоиш 131 фоизро ташкил дод.

Дар идома роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Саридора, аз ҷумла раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, сардорони КВДҶ «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ», КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ»,КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», ҶСК «Экспедитсияи геофизикии ҷанубӣ», ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён», КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум», МД «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо» ва сармуҳаррири МД Рӯзномаи «Ганҷ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи соли равон ҳисобот доданд.

Пас аз шунидани гузоришҳо оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2023 ва таҳлилҳои соҳа Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки корҳо дар ҳамаи самтҳо ҷонноктар карда шаванд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Роҳбарони корхонаву муассисаҳои зерсохтори Саридора вазифадор шуданд, ки дар самти тадбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, иҷрои ҳатмию саривақтии қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои Сардори Саридора, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, истифодаи мақсадноки техника, фароҳам овардани шароитҳои хуби корӣ дар саҳро, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда дар маҷмӯъ барои пешрафти иқтисодиёти кишвар боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Шарҳи муфассали ҷаласаи ҳайати мушовараро метавонед дар шумораи чоруми рӯзномаи «Ганҷ» мутолиа намоед.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин