Мулоқоти Сардори саридораи геология бо намояндаи хадамоти геологияи Финляндия
7 марти соли 2023 Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо намояндаи Хадамоти геологии Финляндия Яана Лохва мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Хадамоти геологияи Финляндия, аз ҷумла имзои Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геология ва Хадамоти геологияи Финляндия дар доираи лоиҳаи «Тақвияти азхудкунии захираҳои табиӣ барои некуаҳволии миллӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи II» баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рақамикунонии харитаи геологӣ, хариди таҷҳизот, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва семинару конфронсҳо, ки дар доираи тадбиқи лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, табодули назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Саридораи геология бо Хадамоти геологии Финляндия аз соли 2011 ҳамкориро дар доираи лоиҳаи «Рушд ва такмилдиҳии системаи иттилоотӣ дар бахши геологияи кишварҳои Осиёи Марказӣ» барои солҳои 2011 – 2014 оғоз намуда буд.
Соли 2013 Хадамоти геологияи Финляндия барои давом додани ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи нави ҳамкорӣ бо номи «Тақвияти азхудкунии захираҳои табиӣ барои некуаҳволии миллӣ дар Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2014-2017 омода карда барои баррасӣ пешниҳод намуда буд.
Лоиҳаи мазкур байни Саридораи геология ва Хадамоти геологияи Финляндия 19 сентябри соли 2014 барои солҳои 2014-2017 имзо гардида, бо имзои Иловаи №1 ба Созишноими амалкунанда ба муҳлати як сол ва бо имзои Иловаи №2 то 30 июни соли 2019 тамдид карда шуд.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми нави ҳамкорӣ, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, дар асоси Созишномаи байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия оид ба ҳамкории рушди Тоҷикистон ва Финляндия барои солҳои 2018-2021, ки 20 сентябри соли 2017 ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.
Мутобиқи моддаи 5 Созишномаи мазкур Хадамоти геологияи Финляндия ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст барои давом додан ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳуми нав дар доираи лоиҳаи «Тақвияти азхудкунии захираҳои табиӣ барои некӯаҳволии миллӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи II»-ро ба тасвиб расонанд.
Маркази матбуот