Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Саридораи геология

19 март дар саҳни ҳавлии КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ»-и Саридораи геология бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои зерсохтори Саридора ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҷлил гардид.

Саҳни ҳавлии корхона намуди идона дошт. Аслан аз дирӯз ба ороиши саҳнаи ҷашнӣ омодагӣ мерафт ва субҳ аллакай ин саҳна ва базмгоҳ ба қабули ширкаткунандагон омода буд. Баннерҳои Наврузӣ овехта, саҳни ҳавлӣ бо табақҳои сабза ва сӯзаниҳои гулдӯзии гуногун оро дода шудаанд. Инчунин аз як тарафи базмгоҳ як миз барои оро додани дастурхони Наврузӣ, «ҳафт син» ва «ҳафт шин» низ ба назар мерасид.

Чорабинӣ соати 9 бо садои форами мусиқӣ, чаҳ-чаҳи булбул шурӯъ шуд ва ҳозиринро аз фаро расидани баҳор хабар дод.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кулли кормандони Саридораро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, зикр кард, ки имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи хуҷаста бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиамонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ табдил додаем. Хушбахтона, ин ҷашни бузург бо талошу заҳматҳои мондагори Сарвари маҳбуби кишварамон ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.

Тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Наврӯзро иди такопӯи Замин ва бедории зебоиҳои ҳаёт низ меноманд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки оғози ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири ободу пешрафти сарзамини аҷдодӣ мебошад. Наврӯзро айёми созандагиву ободкорӣ ва оғози амалҳои нек низ меноманд.

“Имрӯз мо як иди дигар, ки бо табиат, бо замин, бо абру борону моҳу хуршеду об алоқамандии зич дорад, таҷлил мекунем. Имсол дар рӯйхати идҳои мо як иди дигар 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дохил шуд. Мояи сарфарозиву ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст, ки аксари ташаббусҳои байналмилалие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда мешаванд, аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд”, -илова намуд И. Оймуҳаммадзода.

Сипас ба базми ҷамшедии Саридора рамзи баҳору Наврӯз - Бобои Деҳқон ва Маликаи Наврӯзӣ даъват карда шуданд. Маликаи Наврӯзӣ дар соли нави аҷдодӣ фаровонҳосиливу некфолиро ба сокинони мамлакат таманно намуда, Бобои Деҳқон бо дили гарм ба корҳои баҳорӣ оғоз бахшида, донаҳои гандумро ба замин пошид.

Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шӯҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър, дар саросари олам гардидааст.

Ба таъбири устод Рӯдакӣ «бо сад ҳазор накҳат омадани баҳори хуррам ва бо рангу бӯи аҷиб» ороиш ёфтани олам, пеш аз ҳама, эҳсоси шоирон ва аҳли эҷодро ба шӯр оварда, онҳоро водор месозад, ки аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои хонандаву шунавандагони худ берун андозанд.

Зебоиҳои баҳори нозанину Наврӯзи фархундапай эҳсоси духтарони зебову банози Саридораи геологияро ба шӯр оварда, онҳоро водор намуд, ки шеъру тарона ва байту чакомаҳо пешниҳоди иштирокдорон гардонанд.

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои варзишии суннатӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пойга, бандкашӣ, чавгонбозӣ ва ғайраҳо баргузор мегарданд.

Хушбахтона, солҳои охир бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои воллейболбозӣ, футбол, шоҳмот, шашка ва бозиҳои дигар хело фаъол гардидааст, ки ин нишонаи сулҳу субот, дӯстию рафоқат ва эҳтироми зиёд нисбат ба ҳамдигар мебошад.

Баҳри болидарӯҳӣ, дӯстию рафоқат, хушҳолӣ ва аз дилҳо бурун кардани кибру ғурур, пеш аз ҳама, хотирмону шавқовар гузаронидани иди Наврӯз имрӯз аз рӯи намуди шоҳмот, шашка ва бандкашӣ байни корхонаҳои зерсохтори Саридора мусобиқа доир гардид.

Дар ин мусобиқаҳо ҷавонон-иштирокдорон маҳорати баланд нишон дода, бори дигар исбот карданд, ки Наврӯз ҷашни ваҳдату ягонагист.

 

Мусобиқа ҷамъбаст гардид, ғолибон муайян шудан ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби ҳунармандони гурӯҳи “Лаъл” барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш гардид, ки ба ҷашни наврӯзӣ шукӯҳи тоза зам намуд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин