Ҷаласаи дуюми шуро доир ба самтҳои афзалиятноки тараққиёти геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
12 сенябри соли 2023 Ҷаласаи дуюми гуруҳи кории Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи самтҳои афзалиятноки рушди геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори он намояндагон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ дар Самарқанд доир гардид
21-22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок кард.
Ҷаласаро Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин мушовири Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Елена Валевич бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.
Мулоқоти кории Сардори Саридора бо директори Роснедр
21 сентябр дар доираи иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ, инчунин дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025 мулоқоти кории Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо директори Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) Евгений Петров доир гардид.
Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
22 сентябр дар доираи иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, бо қарори иҷлосияи навбатии Шуро сардори шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Бобоев бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд.
Холбибӣ Солиҳова соҳиби дипломи аълои курси “Идоракунии давлатӣ дар асри XXI” гардид
25 хатмкунанда, аз ҷумла мудири бахши низоми махфӣ ва бойгонии Саридораи геология Холбибӣ Солиҳова курси бозомӯзии дарозмуддати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар асри XXI” хатм карда, соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Таҷлили бошукӯҳи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Саридораи геология
Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Саридораи геология кормандонро ба муносибати ин ҷашни бузургу арзишманд муборакбод гуфта, дар бораи нақш ва хизматҳои барҷастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навтарин, эҳёи миллат, давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ибрози андеша кард.
Паёми шодбошии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Имрӯзҳо миллати кӯҳанбунёд, тамаддунсоз ва соҳибфарҳанги тоҷик 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шумо ва наздикону пайвандонатонро ба муносибати ин ҷашни бузургу арзишманд муборакбод мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо осоиштагию сарбаландӣ ва некрӯзиро орзу мекунам.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ба кашшофи асрори замин мукофоти давлатӣ супорид
5 сентябр дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Шарифов барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.