Пресс – релиз о деятельности Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан за 2023 год
Направление работ и экономические показатели
Главное управление геологии за первое полугодие 2022 года в соответствии с «Государственной программой развития геологической отрасли Республики Таджикистан на 2021-2030 годы», утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2021 года, №172, за счёт средств госбюджета проводило геологическое изучение недр по 29 проектам на сумму 17 217 375,0 сомони в объектах чёрных металлов, цветных металлов, драгоценных металлов, редких металлов, самоцветных и поделочных камней, гидрогеология, инженерная геология и геоэкология, по сравнению с соответствующим периодом прошлого года на 1 076 375,0 сомони больше и темп роста составило 107%.
Пресс – релиз оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридора соли 2023 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи 17 217 375,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 1 076 375,0 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 107 фоизро ташкил медиҳад.
Аз омӯзиши геологӣ то азнавҳисобкунии захираҳо
№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023
Мусоҳиба бо сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода
- Бори аввал кадом сол ба захираҳои зеризаминии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд?
- Омӯзиши геологии Тоҷикистон се марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якум ибтидои омӯзиши геологии Тоҷикистон мебошад, ки ба солҳои бистуми асри ХIХ рост меояд. Марҳилаи дуюм аз соли 1928 оғоз гардида, то соли 1992 давом ёфтааст. Дар ин марҳила кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданоки аҳамияти саноатидошта кашф шудаанд. Марҳилаи сеюм замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин давра таҳлили корҳои пешин гузаронида шуда, оид ба омӯзиши минбаъда барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон, дар ин марҳила захираҳои саноатии кону зуҳуроти навъҳои гуногуни канданиҳои фоиданок тасдиқ шуда, дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Паём дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ дар самти сиёсати дохиливу хориҷӣ маҳсуб мешавад
29 декабри соли 2023 кормандони Саридораи геология аз ҷумла, муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода, сардорони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳои зерсохтор, аз ҷумла Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» пахши мустақими ҷараёни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастаҷамъона тамошо карданд.
Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ қудрату тавоноии давлатро муайян менамоянд
8 декабр ба муносибати иди касбӣ-Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, дар Саридораи геология ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаро ба иди касбӣ табрик гуфта, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо — боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошанд. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.
Международный день гор. В Таджикистане большое значение уделяется горному туризму
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /НИАТ «Ховар»/. Сегодня Международный день гор, установленный по решению 57-й Генеральной Ассамблеи ООН в январе 2003 года. Цель даты — сохранение природного богатства мира, поддержка коренных жителей горных районов, повышение осведомленности людей о проблемах и важности горных массивов. В основном праздничные мероприятия проходят в странах-участницах ООН. Тема дня в 2023 году «Восстановление горных экосистем», которая призывает повысить осведомленность о значимости горных экосистем.
Дар 9 моҳ дар Саридораи геология шаш маърака гузаронида шуд
Дар нуҳ моҳи соли равон дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Саридораи геология 6 маърака ба қайд гирифта шуд, ки тӯйҳои домодию арусӣ ва маъракаҳои азодорӣ мебошанд.
Ҷаласаи дуюми Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон доир шуд
18 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.