Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Табрикоти Сардори Саридораи геология ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамкорони азиз,

Дар ин рӯзҳои зебои баҳор, ки табиати афсункор бедор мешавад, ҷашни бузурги миллӣ ва аҷдодии тоҷикон - Наврӯзи фурӯзанда ба сарзамини зархезу пурганҷи мо қадами неки худро мегузорад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро самимона табрик гуфта, сиҳатию тандурустӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодат, дили шод, табъи болидаи наврӯзӣ ва барои Тоҷикистони соҳибистиқлол соли бобарор ва сулҳи пояндаро орзу менамоям.

Наврӯзи байналмилалӣ барои тоҷикон аз қадим то имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ, инчунин ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву хурсандӣ иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби пиру барно суруру шодӣ мебахшад, тамоми мардумро сарҷамъ мекунад ва онҳоро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар даъват мекунад.

Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз идҳои қадимтарин ва бузургтарин дар рӯи Замин – Наврӯз дубора эҳё гардид ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё шуд.

Эҳёи дубораи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор мекунад, ки суннатҳои маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ рушд диҳем. Зеро тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳамеша арҷ мегузоранд.

Мо имсол дар баробари ҷашни бузурги Наврӯз 21 март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро низ ҷашн мегирем. Тавре огаҳӣ доред соле қабл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташаббус нишон дода шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҷаҳон идҳо ва санаҳои пуршараф зиёданд, вале Наврӯз дар баланд бардоштани шаъну шарафи инсон мавқеи хосаеро ишғол мекунад. Анъанаҳои таърихии ҷашнгирии Наврӯз то ба замони мо тағйир наёфтаанд. Мардум Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд ва барои ҷашн гирифтани ин иди бузург тайёрии ҷиддӣ мебинанд. Мардуми Тоҷикистон бо вижагиҳои хос, бо оро додани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, анвои шириниҳо, бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Дар ин ҷашни баҳор дӯстии байни одамон, эҳтироми ҳамдигар, саховатмандӣ ва меҳрубонии тамоми сокинони кишвар ба таври хос зоҳир мегардад. Ҳамчун таҷассуми амалҳои неки инсонӣ дар рӯзҳои Наврӯзӣ аёдати хешу табор ва наздикон, беморон, пиронсолону маъюбон ва дастгирии ниёзмандмандон ба роҳ монда мешавад. Ин бузургтарин кори хайр дар арафи ҷашни Наврӯз аст.

Мо, тоҷикон бо таҷлили Наврӯз намунаи баланди ахлоқӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстиро нишон медиҳем. Рисолати баланди ин ҷашни аҷдодӣ дар тарбияи баланди ҷавонон зоҳир мегардад, зеро меҳру муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба мероси фарҳангию таърихии он арзишҳои аслии ҳар як халқ ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми тамаддунсози тоҷик фатҳу кушоишҳои нав хоҳад овард.

Бигзор Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ба хонадони шумо сулҳу осоиштагӣ ва некиву ободӣ биёрад. Бигзор Ватани азизи мо доимо шукуфону обод бошад!

Қудуми Наврӯзи ҷаҳонӣ бар хоки поки Тоҷикистони соҳибистиқлол фархунда бод!

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин