Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Тасдиқи ҳайати таҳририяи Атласи равандҳои экзогениву геологӣ

Офатҳои та­биӣ ба тағйирё­бии иқлим ва шиддати зуҳури ҳодисаҳои ха­тарноки геологӣ таъсир мерасонад. Солҳои охир Тоҷикистон ба таъси­ри оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст, ки мисо­ли равшан ин обшавии босуръати пиряхҳо, ба­ландшавии ҳарорати ми­ёнаи солона, тағйирёбии миқдори боришот, беш­тар шудани давраҳои ғайриодии обу ҳаво (бо­риши ҷола, барф, хушк­солӣ), инчунин афзоиши офатҳои ногаҳонии та­биӣ бар асари шароити обу ҳаво ва иқлим ме­бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон доимо аз тағйирёбии иқлим ва хатару таҳдидҳои умуми­инсонӣ ёдовар мегарданд ва барои пешгирӣ намудани онҳо вазифаҳои навбатиро ба миён мегузоранд. Дар Паёми солона низ иброз намуданд, ки: «Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷи­кистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Дар робита ба ин, Саридораи ге­ология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки та­биӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд».

Бо мақсади иҷрои супориши дар Паём омада 30 январи соли 2024 ҷаласаи Шурои илмӣ-техникии Са­ридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар шуро нақшаи чорабиниҳотартибдодашуда, ҳайати таҳририя аз ҳисоби узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессорон, номзадҳоиилм, ходи­мониилмӣвамутахасиссонисоҳаазИнститути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, ДонишгоҳимиллииТоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Кумитаиҳифзимуҳитизист, Куми­таиҳолатҳоифавқулоддавадигарсохторҳоинтихобватасдиқгардид.

Ҳайати мазкур ба се гурӯҳи корӣ ҷудо шуда, вобаста ба супоришҳои мушаххас фаъолият менамоянд. Ин­чунин мундариҷаи атлас пешниҳод ва қабул гардид. Ҳайати таҳририя ҳар моҳ як маротиба ҷаласа доир карда, корҳои иҷрогардидаро бар­расӣ менамояд.

Дар ҷаласаи шуро гуфта шуд, ки дар самти омӯзиш ва мушоҳидабарии раван­дҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ гуруҳи махсуси «Умури дав­латӣ оид ба мушоҳидаи равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ» ташкил карда шудааст. Дар ин ҷода корхо­наҳои “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” ва “Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ” аз соли 1970 инҷониб вобаста ба вазифаҳои муа­яйншуда фаъолият доранд.

Ҳамзамон, аз моҳи октябри соли 2017 дар бинои Саридораи геология Маркази равандҳои экзогенӣ-гео­логӣ таъсис дода шуда, мутахассисони КВ «Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ» ба омӯзиш, баҳодиҳии равандҳои экзо­генӣ-геологӣ ва бартарафкунии онҳо машғуланд. Ҳадафи асосӣ паст кардани хавфу хатарҳои табиии пешбинишуда ва ҷалб намудани кор­хонаҳои давлатӣ ва ғайри давлатии дар самти равандҳои экзогенӣ-гео­логӣ фаъолият дошта, барои фаъ­олияти муштарак оид ба мубодилаи маълумот мебошад.

Дар марказ аз рӯи маълумоти мавҷудбуда, манбаи маълумоти Равандҳои экзогенӣ-ге­ологӣ тартиб дода шуда, нақшаи раванди ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор таҳия гардидааст.

Зимни ҷаласа аз ҷониби ҳайати таҳририя таклиф карда шуд, ки аломатҳои шартӣ бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия карда шаванд.

Барои тартиби атлас (баъди коркард ва пешниҳоди шаклҳои он аз ҷониби ҳайати таҳририя) харитаҳо, масъалаи номҳои маҳаллаҳо, ҷамо­атҳо, ноҳияҳо бо се забон дар барномаи компютерӣ ворид карда шуда, ҷой додани номҳо дар харитаҳо муво­фиқи аломатҳои шартӣ, интихоби варақаҳо ва миқёси онҳо амалӣ ме­гардад.

Инчунин таъкид гардид, ки дар рафти тартибдиҳӣ бояд масоҳати ҳудуди ишғолнамудаи ноҳияҳо ва дар он ҷой додани ҳаҷми равандҳои эгзогенӣ ва дигар хатарҳои табиӣ, тақсимбандии онҳо дар ҳудуди ноҳия ё ҷамоатҳо муайян карда шавад.

Аз тарафи Раиси Шурои илмӣ-техникӣ, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики­стон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр гар­дид, ки чунин атлас барои ҳар як ноҳия бо истифода аз натиҷаҳои гирифтаи муҳандисиву геологӣ, ки ба таъсири омилҳои хатарноки табиӣ осебпазиранд, таҳия карда мешавад. Атлас бояд оммафаҳм бошад, то ба аҳолӣ мушкилот эҷод накунад. Дар асоси ҳаҷми корҳои иҷрогардида, муҳлати анҷоми таҳияи Атлас муайян карда шавад.

Пас аз баррасии масъалаҳо Шурои илмӣ-техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус қабул кард.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин