Холбибӣ Солиҳова соҳиби дипломи аълои курси “Идоракунии давлатӣ дар асри XXI” гардид
25 хатмкунанда, аз ҷумла мудири бахши низоми махфӣ ва бойгонии Саридораи геология Холбибӣ Солиҳова курси бозомӯзии дарозмуддати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар асри XXI” хатм карда, соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Ба ин муносибат дар Академияи идоракунии давлатӣ чорабинӣ доир гардид, ки ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ва муовини ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин дипломҳоро дар фазои тантанавӣ ба хатмкунандагон тақдим карданд. Ёдовар мешавем, ки курси бозомӯзии дарозмуддат дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар асри XXI” дар доираи ҳамкори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар мавофиқа бо Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Курси мазкур дар Академияи идоракунии давлатӣ тӯли 7 моҳ бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Маркази матбуот