Нишасти матбуотӣ дар Саридораи геология
27 июл дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нахуст Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба фаъолияти Саридора дар шашмоҳаи аввали соли 2023 мухтасар маълумот дод.
Сипас, хабарнигорони АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Садои Мардум”, “Радиои Озодӣ” радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Синамо”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бунгоҳи хабарии ТАСС, Агентии байналмилалии иттилоотии “Reuters”, “Азия Плюс”, “Спутник”, инчунин хабарнигорони озод вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” доир ба масъалаҳои иҷрои корҳои иктишофию геологӣ, иҷрои “Барномаи давлатии соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, базаи моддию техникии Саридораи геология, гузаштан ба стандарти байналмилалии ҳисоби захираҳо, корҳо дар минтақаи Сариғор, кадастри давлатии об, омӯзиши обҳои зеризаминӣ, хосиятҳои обҳои зеризаминӣ, омӯзиши равандҳои геологӣ, ҳамкории байналмилалии мақомоти геология, омӯзиш ва кашфи конҳои тилло, сурма, литий, уран, нафту газ ва ҷалби мутахассисон ба соҳа саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамзамон, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ, ки Сардори Саридораи геология дар ин ноҳия роҳбари гуруҳи корӣ аст, саволҳо пешниҳод гардид.
Роҳбарияти Саридораи геология ба саволњои сершумори рўзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар нишасти матбуотӣ муовини якум, муовин, раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, директори Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳои зерсохтори Саридора низ иштирок доштанд.
Маркази матбуот