Дар Саридораи геология Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ҷашн гирифта шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба 6 май рост меояд, дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд.
Ҷаласаро Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуда, кормандони бахшу қисмҳои низоми махфии Саридораи геологияро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, дар фаъолияти пурмасъулу шарафмандонаи давлатиашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Мавсуф зикр кард, ки дар замони имрӯза авзои иқтисодию иҷтимоӣ ва робитаҳои байни мамлакатҳои олам тундтару сардтар шуда, зуҳуроти манфии замон, ба мисли терроризм, экстремизм ва падидаҳои ба ин монанд ба вуҷуд омада истодаанд. Дар ин радиф, ҳимояи сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии давлатҳо, аз ҷумла посу гиромӣ доштани сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб, вазифаи авваллиндараҷа ва муқаддаси ҳар як сокини баруманди он мебошад.
Ва имрӯзҳо дар ин даврони пур аз таззоду нооромиҳои ҷамъиятӣ моро зарур аст, ки кишвари худро ба монанди гавҳараки чашм муҳофизат намоему барои пешравии он саъю кӯшиш кунем. Дар ин радиф, пеш аз ҳама, ҳиссаи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ назаррас аст.
Сирри давлатӣ аз маълумоти соҳаи геология, кӯҳкорӣ, мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва моликияти давлат иборат буда, ифшои он метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ, инфрасохторҳои иттилоотию коммуникатсионии давлат зарари ҷиддӣ расонад.
Тавре шоҳид ҳастем имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона ва халалдор намудани оромии кишвар аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Яке аз самтҳо ба даст овардани маълумот ба воситаи расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Маҳз хизмати кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ аст, ки бо андешидани чораҳои фаврию амалӣ амнияти кишвар ва мардуми он дар ин самт муҳофизат карда мешавад.
Таҳия ва татбиқи шаклу усулҳои муосири кормандони ин ниҳод ба ташаккул, рушд ва интишори арзишҳои маънавии ба манфиатҳо ва анъанаҳои фарҳангию таърихии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ боис мегарданд. Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ, рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон, муҳофизати якпорчагии ин сарзамини бостонӣ вазифаи аслии ҳар як мақомоти марбутаи кишвар мебошад, ки кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар пешоҳангони он мебошед.
Сипас бо фармоиши Сардори Саридора як қатор кормандони бахшу қисмҳои низоми махфии Саридораи геология бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ бори аввал дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад.
23 ноябри соли 2022 дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда шуд.
Маркази матбуот