Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геология

5 октябр ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Саридораи геология, Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ» ва МД рӯзномаи «Ганҷ» иштирок карданд.

Муовини якуми сардори Саридораи геология Исомуддин Холзода кормандонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар ҳимояи ин арзиши миллӣ комёбӣ орзу кард.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифӣ кардани миллату давлат пояи асосӣ ба шумор рафта, тоза нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Хусусан наврасону ҷавонон, ки ояндаи миллатанд бояд онро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ гиромӣ доранд ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин