Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Иштироки ҳайати Саридора дар Анҷуман ва намоиши байналмилалии "Саноати кӯҳии Ӯзбакистон ва Осиёи Марказӣ"

13-14 декабр дар шаҳри Тошканд Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» доир гардид, ки дар кори он сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардорони экпедитсияҳои иктишофи геологии Моғиён Ғолиб Шерализода, иктишофи геологии Помир Себарга Паноев, иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ Фирӯз Малахов иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории анҷумани мазкур ба рушди саноати кӯҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон равона гардида, дар доираи он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, табодули таҷрибаи амалӣ дар соҳаи сохтмон ва муосиргардонии корхонаҳои саноати кӯҳӣ, инчунин тамоюл ва самтҳои афзалиятноки омӯзиши захираҳои табиӣ баррасӣ гардид.

Дар анҷуман роҳбарони аввали зиёда аз 200 ширкати истихроҷи маъдани ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Осиёи Марказӣ, сармоягузорони байналмилалӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти корхонаҳои истихроҷи маъдан иштирок доштанд. Дар рафти он 25 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмони корхонаҳои саноати кӯҳӣ, рушд ва тақвияти азхудкунии конҳои нави захираҳои табиӣ пешниҳод карда шуд.  

Дар рӯзи дуюм дар ҷаласаи пленарии Анҷумани мазкур сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар мавзӯи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди комплекси кӯҳӣ-геологии Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза, аз ҷумла зикр гардид, ки «мушкилии бо манбаъҳои ашёи хоми минералӣ таъмин намудани иқтисодиёт сол то сол душвор гардида, ба манфиатҳои қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон дахл дорад. Ин, пеш аз ҳама, ба кам шудани захираҳои бой ва аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ нисбатан дастраси ашёи хоми минералӣ, ноустувории воридоти он аз давлатҳои соҳиби сарватҳои зеризаминӣ ба мамлакатҳои истеъмолкунанда вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо мурури замон заминаи қонунгузориро такмил медиҳад.

Татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Кодекси андоз, Қонун «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи шартномаҳои тақсими маҳсулот», Қонун «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Қонун «Дар бораи консессияҳо» ва ғайра амалӣ мешавад».

Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ҳозирини Анҷуман шарҳи тағйироту иловаҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо, ки ба беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъдан равона шудаанд, пешниҳод намуд.

Анҷумани мазкур барои Саридораи геология аз ҷиҳати шиносоӣ ва табодули таҷрибаи муосир дар соҳаи геология муҳим арзёбӣ мегардад, зеро он тамоми самтҳои геология ва ҷанбаҳои тадқиқотӣ, масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи геология ва саноати кӯҳиро дар бар мегирад.

Дар доираи анҷумани дурӯза мулоқоти дуҷонибаи намояндагони кишварҳои иштирокчӣ доир карда шуд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин