Паёми шодбошии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Имрӯзҳо миллати кӯҳанбунёд, тамаддунсоз ва соҳибфарҳанги тоҷик 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шумо ва наздикону пайвандонатонро ба муносибати ин ҷашни бузургу арзишманд муборакбод мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо осоиштагию сарбаландӣ ва некрӯзиро орзу мекунам.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатиро «арзиштарин дастоварди мардуми тамаддунпарвари бостонии тоҷик» дар замони муосир арзёбӣ намуданд. Воқеан, ба даст овардани ин неъмати олӣ барои миллати тоҷик хеле арзишманд ва арҷманд аст, ки бо касби соҳибистиқлолӣ дар зарфи 32 сол ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, таърих чунин равандро дар хотир надорад.
Тоҷикистон дар ин даврон дастовардҳои зиёде дорад, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Онҳо ба мисли таърихи даврони Сомониён дар саҳифаҳои китоби бузурги таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд ва барои абадӣ гардонидани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳои миллии мо хидмат хоҳад кард.
- Ин, пеш аз ҳама, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, узвияти комили он дар Созмони Милали Муттаҳид.
- Сониян, Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо заҳматҳои шабонарўзиашон ҷанги шаҳрвандӣ қатъ шуда, сохти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимият барқарор гардид. Дар кишвар сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуда, истиқрори сулҳи тоҷикон барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи беназир гардид.
- Сеюм, оѓози ташаккули давлати миллӣ дар давраи муосир ва ташаккули мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, воҳид ва иҷтимоӣ.
- Чаҳорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар.
Нақш ва хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навтарин, эҳёи миллат, давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдат бебаҳс аст. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хамчун давлати соҳибистиқлол мақоми сазовореро соҳиб гардид.
Яке аз ҳисси баланди ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ - ин омўзиши саргузашти бузургони миллат мебошад, ки маҳз муборизаи онҳо сабақи кори мо гардидааст. Мо имрўз номи бузургмардон Коваи оҳангар, Спитамен, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳо дигаронро оварда метавонем, ки баҳри озодию ободии диёр ҷони худро бохтанд. Беҳуда нест, ки бо супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров чоп шуда, ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ туҳфа гардид, ки ҳадаф танҳо омўзиши таърихи пурѓановати миллати тоҷик буда, дар асоси он ҳисси баланди худшиносии миллӣ тақвият дода шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дастоварди бузург ва беназир - ин қабули Конститутсия мебошад. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти арзишҳои беҳтарини ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутамаддин, таҳлили муқоисавии ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, давлатдорӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикон таҳия ва қабул шудааст.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Бо назардошти ин роҳи саноатикунонии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодааст.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди захираҳои таббиӣ ва дигар як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд ва ҳоло мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Соҳаи геология, ки дар давоми ин солҳо рушду нумуъ кард, яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омўзиши сохти геологӣ, афзунгардонии базаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин намуд.
Бо ибтикори Пешвои миллат “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул гардид, ки вазифаҳои асосии Барномаи мазкур муайян намудани самтҳои асосии омўзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омўзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ буда, иҷрои масъалаҳои геологӣ дар доираи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст. Ин маънии онро дорад, ки таъмини ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат бояд ба даст ояд.
Вобаста ба ин моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, масъулияти хешро дар назди халқу Ватан бо тамоми ҳастӣ дарк намуда, барои пешрафти кишвар ва пуриқтидор гаштани он меҳнат намоем. Вазифаи имрӯзиёну ояндагон, хусусан ҷавонон, пеш аз ҳама, ҳифзи дастовардҳо, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Муттаҳид будан дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, ҳимояи арзишҳою фарҳанги волои миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа вазифаи асосии ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мо ба ҳисоб меравад.
Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар Шуморо ба ҷашни фархундаву сарнавиштсоз, тантанаи ягонагию якдилӣ муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо сарбаландию иқболи некро таманно дорем.
Бигузор бузургтарин дастоварди миллатамон-Истиқлоли давлатӣ доимо ҳукмфармо, поянда ва ҷовидон бимонад!
Маркази матбуот