Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!

Ҳамаи Шумо ва дар симои шумо тамоми сокинони мамлакатро ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо осудагӣ, тандурустӣ ва ҳамдилиро таманно дорам.

Ваҳдати миллӣ барои сарҷамъии миллати парокандашуда аз вартаи нестшавӣ ва эмин нигоҳ доштани давлати навбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши тақдирсоз дорад. Маҳз идеяи ваҳдати миллӣ, ки ба якпорчагии кишвару сарҷамъии миллат далолат мекард, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар иқдоми бузург ва сармашқи кори асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Аз тамоми омилҳои таъминкунандаи пойдории давлат нақши ваҳдати миллӣ дар мақоми аввал қарор дошт. Аз ин рӯ, новобаста аз мудохилаҳову манфиатҳои бисёр дар Тоҷикистон миллати воқеан фарҳангӣ бо сарварии Пешвои миллат аз хираду таҷрибаи аҷдодӣ истифода карда, ба мусолиҳаи тарафайн, ки ҳамчун роҳи ягонаи пас аз ҳазорсоли бедавлатӣ соҳиби давлату мамлакати худ шудан буд, расид ва 27 июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин дастоварди ҳаётан муҳим дар лаҳзаҳои ҳассостарин ба даст омад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба мардуми тоҷик умед бахшид ва онҳоро ба ояндаи шукуфон дилгарм сохт.

Воқеан, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар муқоиса бо аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ мамлакат хеле рушд намуд. Маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баъди ба даст овардани истиқлол бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ оғоз гардида, дар ин давра ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил шуд. Яъне, баъди талошу заҳматҳои зиёд барқарории сулҳу суботи комил, қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки заминаҳои ҳуқуқиро муайян менамояд, имконият фароҳам омад, ки раванди созандагӣ дар мамлакатт шурӯъ намояд.

Сулҳу ваҳдат ҳамчун дастоварди муҳими худшиносии миллии тоҷикон ва василаи ташаккули ҳувияти миллӣ шинохта шуда, ормони созандаи Ваҳдати миллӣ бузургтарин унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикон гардид.

Консепсияи ваҳдати миллӣ дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ гардида, дар ин раванд шукуфоӣ ва пешрафти кишвар ба тадриҷ ба даст омад. Он аз оѓоз яке аз воситаҳои сохтмони бинои истиқлол ва ҳувияти миллӣ хидмат кард. Дар бораи аҳамияти ин санади тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Сарвари давлат доимо таъкид менамоянд, ки имрӯзҳо дар тамоми олам раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, сокинони кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Таҳкими худшиносии миллиро дар роҳи муттаҳид кардани миллат равона сохта, дастовардҳои бузурги худро муҳофизат намоем.

Воқеан худшиносӣ аз масоили мубрами инсонист ва ҳар як шахс бояд ба миллату тамаддуну фарҳанги он дилбастагие дошта бошад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи мизони муайян муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд.

Бояд таъкид намуд, ки истиқлоли ҳақиқӣ аз истиқлоли забон, ақлҳо, мафкура, худшиносию худогоҳӣ оғоз меёобад ва муҳофизат намудани ваҳдати мардумии ба даст омада вазифаи муқаддаси ҳар фарзанди худшиносу худогоҳи миллат аст.

Баъди ба даст овардани ваҳдати комил Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳод ва дар ин радиф ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Танҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ ва саноат даҳҳо конҳои нав таҳқиқу ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

Эълон гардидани саноатикунонии мамлакат-ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва панҷсолаи рушди саноат аз мо кормандони соҳаи геология талаб мекунад, ки ҳамаи имконияту неруро барои хубтару беҳтар иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузошта сарф намоем.

Пас имрӯзҳо моро зарур аст, ки таърихи гузашта ва муосири Тоҷикистонро амиқу дуруст омӯзем, ба заҳматҳои сулҳпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузорем ва ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем.

Бори дигар шуморо бо фарорасии Рӯзи Ваҳдат – ваҳдати ҷовидонаи мардуми Тоҷикистон табрик ва муборакбод мегӯям.

Рӯзи ваҳдату ҳамдилӣ муборак!

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин