Мулоқоти Сардори Саридора бо намояндагони Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон
13 марти соли 2023 Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо ҳайати намояндагони Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Директори идораи иктишофии Ширкати миллии нафтии Эрон Баҳмани Сулаймонӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкории дуҷониба дар самти омӯзиш, иктишоф ва кашфи майдонҳои ояндадори нафту газдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Директори идораи иктишофии Ширкати миллии нафтии Эрон Баҳмани Сулаймонӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуд. Мавсуф дар самти омӯзиш, иктишоф ва кашфи майдонҳои ояндадори нафту газдори Ҷумҳурии Тоҷикистона ҳавасмандии худро таъкид намуда, изҳор намуд, ки ба ин корҳо бояд суръати бештар бахшида шавад.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода изҳори боварӣ намуд, ки вохӯрии имрӯза дар самти омӯзиш, иктишоф ва кашфи майдонҳои ояндадори нафту газдори Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами устувор гардида, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории муштарак мусоидат менамояд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини якуми Сардори Саридораи геология И. Холзода, муовини вазири энергетика ва захирахои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Худобахш, сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Саридора М. Ташрипов, сардори шуьбаи назорати геологӣ Б. Муминов, саргеологи Фонди иттилоотӣ М. Ашурбекова ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Саридораи геология Ф. Зарбова иштирок доштанд.
Аз ҷониби Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон сардори тадқиқот ва технологии Ширкати миллии нафти Эрон Муштабо Сиддиқ Арабонӣ низ ҳузур дошт.
Маркази матбуот