Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология
24-уми июни соли равон ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология бо иштироки Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида, Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ва кулли кормандони саридора ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кормандони соҳаро бо ин рӯзи муқаддасу тақдирсоз табрик гуфта, доир ба нақши ваҳдати миллӣ дар давраи ниҳоят тақдирсози миллати тоҷик изҳори назар кард.
Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои миллати тоҷик неъмати бузург аст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оѓози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид ва боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанон, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд.
Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, пеш аз ҳама, ба таҳкими амният ва субот замина гузошт ва имкон дод, ки Тоҷикистон бо таҳдидҳои нав, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ мубориза барад ва амнияти марзу буми худро таъмин намояд.
Маҳз дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат кулли соҳаҳои иқтисоди мамлакат, аз ҷумла, соҳаи геология ва кӯҳкорӣ рушд намуда, Тоҷикистон ба давлати ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, бунёди роҳҳо ва нақбҳо, рушди соҳаи саноат ва кишоварзӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Эълон гардидани саноатикунонии мамлакат-ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва панҷсолаи рушди саноат аз кормандони соҳаи геология талаб мекунад, ки ҳамаи имконияту неруро барои хубтару беҳтар иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузошта сарф намоянд. Танҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ ва саноат даҳҳо конҳои нав таҳқиқу ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.
Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мӯсоева ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода андешаҳои худро доир ба нақши сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватан дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ иброз намуданд.
Таъкид шуд, ки Пешвои муаззами миллат аз оѓоз консепсияи ваҳдати миллиро дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ карда, онро сипари истиқлоли Тоҷикистони навин таъбир кард ва дар ҳамин равиш ба шукуфоӣ ва пешрафти кишвар кафолат дод.
Тоҷикистон имрӯз ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст, бояд дар ақидаи ҷомеа андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рӯзгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонанд машѓули меҳнати созанда бошанд.
Маркази матбуот