Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Баргузории Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон

28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлкат Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ин Анҷуман, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори аввал барпо шуд, доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмӯъ зиёда аз 250 нафар иштирок намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва шумули Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, инчунин муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, нақлиёт, молия ва дигар ниҳодҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур аз таҳкиму густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак иборат буд.
Дар чаҳорчӯби Анҷумани мазкур, ки аз иҷлосҳои ифтитоҳӣ ва якчанд иҷлоси пленариву мавзӯи иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон дар қолаби “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) ва “Соҳибкор бо Ҳукумат” (B2G) танзим шуданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар яке аз иҷлоси пленарӣ дар мавзўи “Омӯзиши геологии металҳои нодири Точикистон” рӯнамоӣ кард. 
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба сохти геологӣ, пайдоиш, паҳншавӣ ва дигар хосиятҳои майдонҳои ояндадори металлҳои нодири ду минтақаи геологӣ-иқтисодии Тоҷикистон муфассал маърӯза намуд. 

Дар ҳошияи ҳамоиши номбурда ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти бахшҳои саноат, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ, канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хидматрасонии бонкӣ низ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни намоиш ба соҳибкорони хориҷӣ роҷеъ ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои мазкур маълумоти муфассал ироа шуда, лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ барои баррасии баъдии онҳо пешниҳод гардид.

Дар натиҷаи мулоқоту музокироти аъзои ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат ва ширкатҳои хусусӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ имзо шуданд.
Дар поёни Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон ба мақсади таҷлил аз Иди байналмилалии Наврӯз бо ширкати меҳмонони Анҷуман ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатии муқими Лондон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд, ки зимни он ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо муаррифии фарҳанги волои мардуми тоҷик, хотири меҳмононро бо суруду рақсҳои худ шод гардониданд. 
Маркази матбуот

Хабарҳои охирин