Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамкорони азиз,

Фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз, ҷашни пирӯзии гармо бар сармо, нур бар зулмат, некӣ бар бадиро самимона таҳният гуфта, дар соли нави аҷдодӣ ба ҳамаи шумо рӯзгори осуда, ваҳдату муҳаббат, қалби пок ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.

Падидаи ҷолиби ин вақт баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки фосилаи гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳориро соли астрономӣ меноманд. Соли нави астрономии 2023 ҳамчунин 21 март аз соати 02:30 оғоз мешавад ва барои мо, тоҷикон ин ҳамчун айёми фаро расидани Наврӯз машҳур аст.

Аҷдодони мо ин ҷашни бузурги миллии тоҷиконро, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, аз замонҳои хеле қадим бо як ҷаҳон орзу, шодиву сурур, хурсандиву хушҳолӣ бо иштироки хурду бузург барои беҳбудии рӯзгор ва осоиштагӣ истиқбол мегирифтанд.

Ҳанӯз ҳазор сол қабл файласуфи машҳур Умари Хайём дар “Наврӯзнома”-и худ таъкид карда буд, ки “Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад”.

Наврӯз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ ҷашни Соли нав мебошад, ки анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад. Онро ҳануз аҷдодони мо то асри VII пеш аз мелод дар сатҳи баланд ҷашн мегирифтанд.

Имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи хуҷаста бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиамонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ табдил додаем. Хушбахтона, ин ҷашни бузург бо талошу заҳматҳои мондагори Сарвари маҳбуби кишварамон ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.

Наврӯзро иди ваҳдат низ меноманд, зеро одамон дар ин рӯз гуноҳҳои якдигарро бахшида, оштӣ мекунанд. Яке аз фазилатҳои Наврӯз пок кардани дилҳо аз кинаю кудурат аст, ки ҳама бо мақсади дар дили мардум бедор намудани ҳисси рафоқат, садоқату муҳаббат ва ваҳдат гирди суфраи Наврӯз ҷамъ меоянд.

Фазилати дигари Наврӯз ин покизагӣ аст, ки дар ин рӯзи нав ва ҷашни сари сол одамон сару либоси тозаву озода пӯшида, бо дилу нияти пок ва умеду орзуи пурфайзу пурбаракатӣ онро пешвоз мегиранд. Модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мешаванд.

Ин ҷашн, ки ба хотири баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ, эҳёи табиат ва оғози мавсими киштукори баҳорӣ баргузор мегардад, нисбат ба идҳои дигар шӯҳрати зиёде дорад. Наврӯз, хусусан бо кишоварзон вобастагии калон дорад, ки бо нақши созандаи хеш ба шудгору кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Ҳамин аст, ки тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Наврӯзро иди такопӯи Замин ва бедории зебоиҳои ҳаёт низ меноманд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки оғози ҳама гуна ташаббуҳои созанда ба хотири ободу пешрафти сарзамини аҷдодӣ мебошад. Наврӯзро айёми созандагиву ободкорӣ ва оғози амалҳои нек низ меноманд.

Имрӯз мо як иди дигар, ки бо табиат, бо замин, бо абру борону моҳу хуршеду об алоқамандии зич дорад, таҷлил мекунем. Имсол дар рӯйхати идҳои мо як иди дигар 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дохил шуд. Мояи сарфарозиву ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст, ки аксари ташаббусҳои байналмилалие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда мешаванд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.

Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек асолати Наврӯз мебошад ва ин асолат бо сиришти мардуми фарҳангсозу бунёдкор ва инсонпарвару ватандӯсти мо созгор мебошад. Хайру саховат, меҳнату талош, дасти мадад ба сӯи ниёзмандон ва муҳимтар аз ҳама сафо овардан ба муҳит ва риояи покию назофат низ аз фазилатҳои Нафрӯзи бостонӣ ба ҳисоб меравад.

Мардуми сарбаланди мо хуб медонанд, ки истиқлоли воқеиро танҳо бо заҳмати созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард ва таҳкиму тақвият бахшид.

Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо, яъне ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа вазифаҳои пурмасъулият ва тақдирсоз мегузорад.

Дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати ммиллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем.

Бо истифода аз фурсати неки баҳорӣ бори дигар Иди байналмилалии Наврӯзро ба хонадони ҳар яки шумо ҳамватанони азиз, муборак мегӯям.

Боварӣ дорем, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои пурфайзи худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорона ва ободонии кишвари соҳибистиқлоламон фатҳу кушоишҳои нав меоварад.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бод!

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин