Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Соли нави мелодӣ

Ҳамкасбон ва ҳамкорони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 табрику таҳният гуфта, қадами хуҷастаи онро ба кишвари азизамон, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро бо неруи баланди созандагӣ  ва дастовардҳои нодир дар рӯҳияи ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд, хуш омадед мегӯем.

Одатан, дар арафаи Соли нав дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, натиҷаҳои меҳнати зарбдорона ҷамъбаст гардида, нақшаҳои нави корӣ матраҳ мегарданд.

Соли сипаригардидаро бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни бузурги халқи тоҷик, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро бо ифтихору сарфарозӣ ва бо шукӯҳи хосса ва ба истифода додани садҳо иншооти хурду бузург дар тамоми қаламрави кишвар истиқбол намудем.

Ба ин маънӣ агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2024-ум дар маҷмӯъ соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.

Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.

Саридораи геология имсол низ чун ҳамасола вазифаҳои бар дӯш доштаашро сарбаландона иҷро карда, нақшаву дастурҳои роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати мамлакат таҳия ва таҳрезишударо амалӣ намуд.

Соли равонро кормандони соҳаи геология бо дастовардҳои назаррас сипарӣ мекунанд. Дастоварди бузурги соли 2024 барои мо – ин таҳияи “Атласи равандҳои экзогенӣ-геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон тартиб дода шуд. 

Инчунин, дар ин давра геологҳои тоҷик мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда, корҳои таҳқиқотиро оид ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, баҳодиҳӣ ва иктишоф дар конҳои кишвар давом дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардиданд. Кормандони саридора дар соли сипаригардида омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” амалӣ намуданд. Корҳои омӯзиши геологӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуданд.

Умедворам, ки дар соли нав кормандони соҳаи геология дар татбиқи барномаву ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок карда, барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона заҳмати содиқонаву софдилона мекашанд.

Бо чунин ниятҳои нек ва нақшаҳои нави созанда бори дигар Соли нави мелодиро ба шумо ва пайвандонатон табрик гуфта, бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон субботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Бигзор оғози ҳамаи орзуҳо ва амали некатон анҷоми неку муваффақона дошта бошанд.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкорони азиз!

Хабарҳои охирин