Таҷлили бошукӯҳи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Саридораи геология
Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Саридораи геология кормандонро ба муносибати ин ҷашни бузургу арзишманд муборакбод гуфта, дар бораи нақш ва хизматҳои барҷастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навтарин, эҳёи миллат, давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ибрози андеша кард.
Зикр гардид, ки яке аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ - ин омӯзиши саргузашти бузургони миллат мебошад, ки маҳз муборизаи онҳо сабақи кори мо гардидааст. Ҳадафи туҳфаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Роҳбари давлат танҳо омӯзиши таърихи пурғановати миллати тоҷик буда, дар асоси он ҳисси баланди худшиносии миллӣ тақвият дода мешавад.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди захираҳои табиӣ ва дигар як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд.
Соҳаи геология, ки дар давоми ин солҳо рушду нумуъ кард, яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омӯзиши сохти геологӣ, афзунгардонии базаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин намуд.
Вазифаҳои асосии “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ буда, иҷрои масъалаҳои геологӣ дар доираи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст. Ин маънии онро дорад, ки таъмини ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат бояд ба даст ояд.
Дар рафти ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони Саридораи геология барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуот