Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суръатбахши корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ мебошад

23 январ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхонаҳои зерсохтори Саридора ҳамоиш доир гардид.

Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки “он ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳо рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад”.

Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро метавон стратегияи давлатӣ номид, ки тамоми мардуми Тоҷикистонро муваззаф месозад дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор гузоранд ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарра ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, роҳу коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, қонунгузорӣ, амнияту мудофиа, сиёсати хориҷӣ, инчунин соҳаи геология низ таҳлилу баррасӣ гардида, чанд пешниҳои муҳиму саривақтӣ садо доданд.

Дар робита ба тағйирёбии иқлим Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ин мушкилот дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфӣ қарор додааст. Дар мамлакат ҳамасола офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Саридораи геология уҳдадор гардид, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии мамлакатро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Барои баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок дар назди масъулини соҳаи геология мақсаду вазифаҳои нав гузошта шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самти рушди геология изҳор доштанд, ки бояд бо маблағгузории мақсаднок ба ин соҳа ва ҷалби мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва тараққиёфта мутахассисони маҳаллӣ омода шаванд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои саридора тасдиқ шуда, кормандони масъул барои иҷрои он вазифадор гардиданд.

Дар идома, раиси Шурои занон Мавҷуда Анварӣ дар мавзӯи “Мақоми зан-модар дар меҳвари Паём”, сардори шуъбаи иқтисодии Саридораи геология Олимшо Аслонзода дар мавзӯи “Зиёд намудани музди меҳнат-сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ” ва мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва ҳисобот Саридораи геология Маҳфуза Давлатова дар мавзӯи “Паём-ҳидоятгари ҷавонон” маърӯза карданд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин