Ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
9 июли 2024 сол дар маҷлисгоҳи Саридораи геология ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Саридораи геология дар шашмоҳаи якум ва минбаъда баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа раиси ҳайати мушовара, аъзои ҳайати мушовара ва сардорони шуъбаҳову бахшҳои Саридора иштирок карданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода доир ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки Саридора дар нимсолаи якуми соли 2024 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” иҷро кард. Корҳои омӯзиши геологӣ дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта зиёд буда, суръати афзоиш 115 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 53 мавод, аз он ҷумла 26 лоиҳа, 27 ҳисобот, 3 мактуб ва дар ду ҷаласа тартибдиҳии Атласи равандҳои зкзогенӣ баррасӣ карда шуд.
Дар нимсолаи якум дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 мавод қарор дошт, ки аз онҳо ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъданӣ- 5 адад, конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул – 35, бозҳисобкунии захираҳои конҳо – 14 ҳисобот ва афзоиши захираи конҳо - 4 ҳисоботро ташкил дод.
Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, резамармар, хоку алевролит ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.
Раиси ҳайати мушовара, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва аъзои он ҳисоботи шашмоҳаи аввали соли 2024-ро мусбат арзёбӣ карданд.
Аз натиҷаи ҷаласа бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо бо мақсади тақвияти фаъолияти мақомоти геология ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта қарори ҳайати мушовара қабул карда шуд.
Дар ҷамъбасти кори ҳайати муошовара сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷиҳати тақвият додани низоми кор, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳо, нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили кор аз рӯи нақшаи тасдиқгардида дар объектҳои кории Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳо дод.
Маркази матбуот