Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Саридораи геология

Бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Нурляминзода ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кашоффони асрори заминро ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, самимона табрик гуфт.

Сипас, сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурляминзода Гулнора дар мавзӯи “Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон” маърӯза кард.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар баъзе мамолики ҷаҳон равандҳои номатлубе дида мешавад, пеш аз ҳама, ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон алоқамандӣ доранд. Риоя нашудани қонуният аз ҷониби ин давлатҳо хатарҳои парокандагиву тақсимшавии кишварҳоро ба миён овардааст.

Хушбахтона, дар Конститутсияи мо арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардида, чун маҳаки фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ, нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф мешавад.

Аз ин мо хулоса мебарорем, ки волоияти қонун – кафили зиндагии осоишта буда, риоя кардани Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андоз ва пардохтҳои муайянкардаи қонун вазифа ва ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд буда, талаб менамояд, ки иҷрои дахлдор ва бечунучарои он аз тарафи ҳар як шахс таъмин карда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиро гирем ва ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар замина гузорем.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин