Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ
15-уми ноябр дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, ёвари сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рухшона Каримзода ва сардори бойгонии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Темиров иштирок ва маърӯза карданд.
Зикр гардид, ки гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Ба ин хотир ҳамасола дар мамлакат ин санаи муҳими таърихӣ бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Кормандони соҳаи геология низ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд.
Нақши иҷлосияи тақдирсози XVI дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилоти ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст. Қарорҳои аввалини он бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчи зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.
Маърӯзакунандагон махсус таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир ҷомеа беш аз ҳарвақта ба неруи маънавию сиёсие ниёз дорад, ки тавонад дар мушкилтарин лаҳзаҳо онро роҳбару роҳнамо бошад. Чунин неру дар шароити муосири Тоҷикистон ниҳоди Пешвои миллат мебошад. Аз ин рӯ, пойдор нигоҳ доштан ва таҳкими мавқеи ин ниҳод барои ҷомеаи мо дар шароити муосири геополитикӣ амри зарурӣ мебошад.
Маркази матбуот