Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

INFOCM 2025 - Минбари муҳим дар самти идоракунии захираҳои табиӣ

Имрӯз, 12-уми майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим - INFOCM 2025 ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 13 давлати ҷаҳон ширкат доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати корӣ таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода муаррифӣ менамояд.

Дар форуми байналмилалӣ масъалаҳои рушди устувор, истифодаи самаранок ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи минералҳои муҳим баррасӣ карда мешавад.

INFOCM 2025 барои табодули таҷриба, муколамаи муфид ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии захираҳои табиӣ минбари муҳим арзёбӣ мегардад.

Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим - INFOCM 2025 ду рӯз идома ёфта, дар назар аст, ки дар доираи он ҳайати расмии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ вохӯриҳо баргузор карда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин