Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геология

5 июли 2023 сол дар маҷлисгоҳи Саридораи геология ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласа раиси ҳайати мушовара, Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, корманди раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода аъзои ҳайати мушовара ва сардорони шуъбаҳову бахшҳои Саридора иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Саридораи геология дар шашмоҳаи якум ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.

Баъд аз таҳлили фаъолияти шашмоҳа Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷиҳати тақвият додани фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеи он ба роҳбарону масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳи муфассали ҷаласаи ҳайати мушовара дар рӯзномаи “Ганҷ” нашр карда мешавад.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин